Исфара: Корманди милиса ду ҳамкори худро парронд

spot_imgspot_img

Дата:



Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, ду нафар кормандони милиса мавриди ҳадафи тири ҳамкори худ қарор гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҷойи ҳодиса дар ин робита хабар дод, ин ҳодиса рӯзи 19 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои манбаъ, кормандони милисаи ҳадафи тири ҳамкори худ қароргирифта, ки аз таппончаи хизматии Макарови мутаалиқ ба ӯ парронида шудаанд, ба ҳалокат расидаанд. Ба қавли манбаъ, кормандони милисаи ҳалокшуда Маҳкам Сафаров ва Алишер Шехназаров мебошанд. Аз исми корманди милисаи тирпарронида ном бурда нашуд.

Шоҳидони ҳодиса, сокинони деҳа ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин куштори ду нафар дар хонае, ки Алишер Шехназаров муваққатан дар он иқомат доштааст, ба амал омадааст.

«Пас аз куштор корманди милиса ба шуъба омада, бо таҳдид ба навбатдор бо таппонча автоматро гирифта ба кӯча мебарояд ва дар маркази деҳа ба тирхоликунӣ ба ҳаво оғоз мекунад. Ӯро пиронсолне, ки дар наздикиҳо будаанд, бо як душоврие ором мекунанд ва вақте каме ором мешавад, худаш ба сардори милиса занг зада, таслим шуд», – мегӯянд шоҳидони воқеа.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов, далели тирпарронӣ миёни кормандони милиса дар Исфара ба қайд гирифта нашудааст.


Дар акси аз ҷониби хонандагон фиристодашуда – аз чап ба рост Маҳкам Сафаров, Алишер Шехназаров.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...