Исфара: Корманди милиса ду ҳамкори худро парронд

Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, ду нафар кормандони милиса мавриди ҳадафи тири ҳамкори худ қарор гирифтанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҷойи ҳодиса дар ин робита хабар дод, ин ҳодиса рӯзи 19 октябр ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, кормандони милисаи ҳадафи тири ҳамкори худ қароргирифта, […]

ASIA-Plus



Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, ду нафар кормандони милиса мавриди ҳадафи тири ҳамкори худ қарор гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҷойи ҳодиса дар ин робита хабар дод, ин ҳодиса рӯзи 19 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои манбаъ, кормандони милисаи ҳадафи тири ҳамкори худ қароргирифта, ки аз таппончаи хизматии Макарови мутаалиқ ба ӯ парронида шудаанд, ба ҳалокат расидаанд. Ба қавли манбаъ, кормандони милисаи ҳалокшуда Маҳкам Сафаров ва Алишер Шехназаров мебошанд. Аз исми корманди милисаи тирпарронида ном бурда нашуд.

Шоҳидони ҳодиса, сокинони деҳа ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин куштори ду нафар дар хонае, ки Алишер Шехназаров муваққатан дар он иқомат доштааст, ба амал омадааст.

«Пас аз куштор корманди милиса ба шуъба омада, бо таҳдид ба навбатдор бо таппонча автоматро гирифта ба кӯча мебарояд ва дар маркази деҳа ба тирхоликунӣ ба ҳаво оғоз мекунад. Ӯро пиронсолне, ки дар наздикиҳо будаанд, бо як душоврие ором мекунанд ва вақте каме ором мешавад, худаш ба сардори милиса занг зада, таслим шуд», – мегӯянд шоҳидони воқеа.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов, далели тирпарронӣ миёни кормандони милиса дар Исфара ба қайд гирифта нашудааст.


Дар акси аз ҷониби хонандагон фиристодашуда – аз чап ба рост Маҳкам Сафаров, Алишер Шехназаров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.