Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба волидони Умаралӣ Назаров ва ҳамаи он касоне, ки ҳамроҳи онҳо бори андӯҳ мекашанд, тасаллият изҳор мекунад.
Дар изҳороти дар ин робита дар сомонаи сафорат интишоршуда зикр мегардад, ки ҷараёни тафтиши ин ҳодисаи фоҷеабор тахти назорати раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Русия қарор дошта, барои иошкор намудани тамоми ҳолатҳои воқеаи рухдода ВКХ Русия таъҷилан ба ВКД, Хадамоти федералии муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Прокуратураи генералии Русия дархост фиристодааст.
Таъкид мешавад, ки барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони назди президенти Русия Павел Астахов ва намояндаи ВКХ Русия дар шаҳри Санкт-Петербург низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар изҳороти сафорати Русия қайд мешавад, ки айни замон тафтиши пешакии далели марги тифл ҷараёни дорад ва даъват карда мешавад, ки натиҷаҳои онро мебояд интизор шуд.
«Дар ҳамин ҳол бар ин назарем, ки маълумоту шарҳҳои шитобноки чопшуда дар чанде аз воситаҳои ахбори умуми Тоҷикистон дар робита ба ин масъала, ки алайҳи Русия нигаронида шудаанд, ба нафъи он нерӯҳоест, ки ба рушди муносибатҳои дӯстона ва иттиҳод миёни халқҳои мо монеъа эҷод карданианд ва бахусус айни замон, ки барои мо баҳри муқовимат ба таҳдиду хатарҳои терроризм ва ифротгароии динӣ иттиҳод зарур аст», – омадааст дар изҳороти сафорати Русия.



