Изҳороти сафорати Русия дар робита ба марги тифли тоҷик

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба волидони Умаралӣ Назаров ва ҳамаи он касоне, ки ҳамроҳи онҳо бори андӯҳ мекашанд, тасаллият изҳор мекунад. Дар изҳороти дар ин робита дар сомонаи сафорат интишоршуда зикр мегардад, ки ҷараёни тафтиши ин ҳодисаи фоҷеабор тахти назорати раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Русия қарор дошта, барои иошкор намудани тамоми ҳолатҳои воқеаи рухдода ВКХ […]

ASIA-Plus



Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба волидони Умаралӣ Назаров ва ҳамаи он касоне, ки ҳамроҳи онҳо бори андӯҳ мекашанд, тасаллият изҳор мекунад.

Дар изҳороти дар ин робита дар сомонаи сафорат интишоршуда зикр мегардад, ки ҷараёни тафтиши ин ҳодисаи фоҷеабор тахти назорати раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Русия қарор дошта, барои иошкор намудани тамоми ҳолатҳои воқеаи рухдода ВКХ Русия таъҷилан ба ВКД, Хадамоти федералии муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Прокуратураи генералии Русия дархост фиристодааст.

Таъкид мешавад, ки барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони назди президенти Русия Павел Астахов ва намояндаи ВКХ Русия дар шаҳри Санкт-Петербург низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар изҳороти сафорати Русия қайд мешавад, ки айни замон тафтиши пешакии далели марги тифл ҷараёни дорад ва даъват карда мешавад, ки натиҷаҳои онро мебояд интизор шуд.

«Дар ҳамин ҳол бар ин назарем, ки маълумоту шарҳҳои шитобноки чопшуда дар чанде аз воситаҳои ахбори умуми Тоҷикистон дар робита ба ин масъала, ки алайҳи Русия нигаронида шудаанд, ба нафъи он нерӯҳоест, ки ба рушди муносибатҳои дӯстона ва иттиҳод миёни халқҳои мо монеъа эҷод карданианд ва бахусус айни замон, ки барои мо баҳри муқовимат ба таҳдиду хатарҳои терроризм ва ифротгароии динӣ иттиҳод зарур аст», – омадааст дар изҳороти сафорати Русия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.