Кумаки президент ба аъзои Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов

spot_imgspot_img

Дата:



Субҳи рӯзи 20 октябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалов бо фаъолияти Ҷамъияти маъюбон шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи майдони футболи хурд иштирок кард.

Бино ба иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат

, нахуст Президенти мамлакат аз намоишгоҳи маҳсули дасти маъюбон шинос шуда, ба кори онҳо баҳои баланд дод. Маъюбон ҳунари қолинбофӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ ва дигар маводу ашёи зарурии рӯзгорро ба маъраз гузоштанд.

Бинои ташкилоти ҷамъиятӣ маъюбон аз ду ошёна иборат буда, дорои 30 ҳуҷра мебошад. Дар марказ ошхона бо 50 ҷойи нишаст бо шароити мусоид мавҷуд аст. Аъзои ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов беш аз 300 нафар буда, 20 каси онҳо  кӯдакони маъюби то синни 18-сола мебошанд.

Аз моҳи августи соли 2015 дар ҳудуди ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов сохтмони майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба роҳ монда шуд. Барои сохтмони майдончаи варзишӣ ва таъмири бинои ҷамъияти маъюбони шаҳр дар маҷмуъ беш аз 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 100 нафар аъзои ҷамъият сару либоси зимистона тақдим намуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...