Кумаки президент ба аъзои Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов

Субҳи рӯзи 20 октябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалов бо фаъолияти Ҷамъияти маъюбон шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи майдони футболи хурд иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат , нахуст Президенти мамлакат аз намоишгоҳи маҳсули дасти маъюбон шинос шуда, ба кори онҳо баҳои […]

ASIA-Plus



Субҳи рӯзи 20 октябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалов бо фаъолияти Ҷамъияти маъюбон шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи майдони футболи хурд иштирок кард.

Бино ба иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат

, нахуст Президенти мамлакат аз намоишгоҳи маҳсули дасти маъюбон шинос шуда, ба кори онҳо баҳои баланд дод. Маъюбон ҳунари қолинбофӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ ва дигар маводу ашёи зарурии рӯзгорро ба маъраз гузоштанд.

Бинои ташкилоти ҷамъиятӣ маъюбон аз ду ошёна иборат буда, дорои 30 ҳуҷра мебошад. Дар марказ ошхона бо 50 ҷойи нишаст бо шароити мусоид мавҷуд аст. Аъзои ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов беш аз 300 нафар буда, 20 каси онҳо  кӯдакони маъюби то синни 18-сола мебошанд.

Аз моҳи августи соли 2015 дар ҳудуди ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов сохтмони майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба роҳ монда шуд. Барои сохтмони майдончаи варзишӣ ва таъмири бинои ҷамъияти маъюбони шаҳр дар маҷмуъ беш аз 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 100 нафар аъзои ҷамъият сару либоси зимистона тақдим намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.