Беш аз 50 млн. сомонӣ даромад ба буҷет аз лоиҳаи «Шаҳри бехатар»

Date:



Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти «Шаҳри бехатар»-и ВКД Тоҷикистон аз оғози фаъолияташ дар моҳи ноябри соли 2013 то 1 октябри соли равон ба қисмати даромади буҷети давлатии кишвар беш аз 50 млн. сомонӣ маблағ ворид намуд, ки ба сифати ҷарима аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ситонида шуданд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидзода дар ин робита изҳор намуд, ки ин лоиҳа бо қарзи Чин дар ҳаҷми 22 млн. доллари ИМА дар пойтахти ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд.

Зимни шарҳи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» М.Саидзода қайд кард, ки бинобар сабаби додани ваколатномаҳои сершумору аксаран нофаҳмову сарпеч, ки тариқи он якчанд нафар ба фурӯши автомобил ҳуқуқ пайдо мекунанд, бисёр вақт соҳиби ҳақиқии воситаи нақлиётро муайян кардан хеле душвор аст.

«Масалан, айни замон мақомоти БДА ВКД Тоҷикистон наздики 5 ҳазор вайронкунандагони ҳақиқии қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дарёфт карда наметавонанд, ки маблағи умумии ҷаримаи онҳо ҳудуди 1 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт номбурда.

Ӯ аз вакилон дархост кард, ки тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат ба ин қонун пешниҳодшударо, ки мутобиқи он минбаъд маблағи боҷи давлатӣ ба додани ваколатнома барои ҳуқуқи хариду фурӯши автомобил ба шахси сеюм ба ивази 80 сомонии имрӯза 600 сомониро ташкил медиҳад, дастгирӣ намоянд.

Ғайр аз ин, вакилон имрӯз тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро низ ҷонибдорӣ карданд, ки мутобиқи он корманди БДА ба бурдани воситаҳои нақлиёт ба ҷаримагоҳ, ки сари  чамбаракаш ронандагон бо ваколатномаҳои муҳлаташ гузашта ба идораи автомобил нишастаанд, ҳуқуқ пайдо мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...