Беш аз 50 млн. сомонӣ даромад ба буҷет аз лоиҳаи «Шаҳри бехатар»

Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти «Шаҳри бехатар»-и ВКД Тоҷикистон аз оғози фаъолияташ дар моҳи ноябри соли 2013 то 1 октябри соли равон ба қисмати даромади буҷети давлатии кишвар беш аз 50 млн. сомонӣ маблағ ворид намуд, ки ба сифати ҷарима аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ситонида шуданд. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии […]

Аваз Юлдошев



Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти «Шаҳри бехатар»-и ВКД Тоҷикистон аз оғози фаъолияташ дар моҳи ноябри соли 2013 то 1 октябри соли равон ба қисмати даромади буҷети давлатии кишвар беш аз 50 млн. сомонӣ маблағ ворид намуд, ки ба сифати ҷарима аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ситонида шуданд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидзода дар ин робита изҳор намуд, ки ин лоиҳа бо қарзи Чин дар ҳаҷми 22 млн. доллари ИМА дар пойтахти ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд.

Зимни шарҳи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» М.Саидзода қайд кард, ки бинобар сабаби додани ваколатномаҳои сершумору аксаран нофаҳмову сарпеч, ки тариқи он якчанд нафар ба фурӯши автомобил ҳуқуқ пайдо мекунанд, бисёр вақт соҳиби ҳақиқии воситаи нақлиётро муайян кардан хеле душвор аст.

«Масалан, айни замон мақомоти БДА ВКД Тоҷикистон наздики 5 ҳазор вайронкунандагони ҳақиқии қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дарёфт карда наметавонанд, ки маблағи умумии ҷаримаи онҳо ҳудуди 1 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт номбурда.

Ӯ аз вакилон дархост кард, ки тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат ба ин қонун пешниҳодшударо, ки мутобиқи он минбаъд маблағи боҷи давлатӣ ба додани ваколатнома барои ҳуқуқи хариду фурӯши автомобил ба шахси сеюм ба ивази 80 сомонии имрӯза 600 сомониро ташкил медиҳад, дастгирӣ намоянд.

Ғайр аз ин, вакилон имрӯз тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро низ ҷонибдорӣ карданд, ки мутобиқи он корманди БДА ба бурдани воситаҳои нақлиёт ба ҷаримагоҳ, ки сари  чамбаракаш ронандагон бо ваколатномаҳои муҳлаташ гузашта ба идораи автомобил нишастаанд, ҳуқуқ пайдо мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.