Париж дар фурудгоҳи Душанбе манораи назоратӣ-диспетчерӣ месозад

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2005 ба имзо расида буд, якдилона тасдиқ намуд. Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири нақлиёти кишвар Шералӣ Ганҷалзода изҳор намуд, ки баландии манора 36 метрро ташкил […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2005 ба имзо расида буд, якдилона тасдиқ намуд.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири нақлиёти кишвар Шералӣ Ганҷалзода изҳор намуд, ки баландии манора 36 метрро ташкил дода, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса таҳия шудааст. Барои амалисозии он наздики 3 млн. доллари ИМА маблағ зарур буда, аз ҷониби Фаронса бар асоси грантӣ ба иҷро мерасад. Муҳлати амалисозии лоиҳа 15 моҳ муқаррар шуда, тибқи лоиҳа манора ба заминларзаи 9-балла тобовар аст.

Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Фаронса ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» масъулони амалисозии лоиҳа мебошанд.

Тоҷикистон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои корҳои сохтмон, таъмин бо нерӯи барқ, алоқа ва дигар хизматрасониҳи коммуналӣ, ҳамчунин муҷаҳҳаз сохтани манора бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ уҳдадор аст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ширктаи фаронсавии «Винси» дар фурудгоҳи Душанбе лоиҳаи сохтмони терминали муосирро амалӣ карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.