Барои анҷоми пурраи корҳои бозсозии нақби «Истиқлол» боз 10 млн. $ маблағ зарур аст

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода изҳор намуд, ки барои анҷоми пурраи корҳои таъмиру бозсозии нақби «Истиқлол» дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд боз ҳудуди 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Вазир қайд кард, ки то имрӯз барои сохтмони ин иншоот беш аз 61 млн. доллари ИМА маблағ […]

ASIA-Plus



Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода изҳор намуд, ки барои анҷоми пурраи корҳои таъмиру бозсозии нақби «Истиқлол» дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд боз ҳудуди 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Вазир қайд кард, ки то имрӯз барои сохтмони ин иншоот беш аз 61 млн. доллари ИМА маблағ хароҷот шудааст, ки 10 млн. доллари он ҳанӯз замони шӯравӣ дар сохтмон масраф гардида буданд.

«Айни замон барои сохтмони як километри роҳ дар дохили нақб ба ҳисоби миёна наздики 12,2 млн. доллари ИМА маблағ харҷ шуда, мушкилоти обравӣ дар нақб бартараф ва роҳ аз нав бетонрезӣ шуд», – қайд кард вазир.

Ба гуфтаи ӯ, феълан низ дар нақб мушкилоти марбут ба насби ҳавокашҳои пуриқтидор, равшангардонӣ, насби камераҳои мушоҳидаи видеоӣ ва таъмини низоми бехатарии сӯхтор вуҷуд доранд.

Пас аз суханронии вазир вакилон Ёдддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол»-ро якдилона тасдиқ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.