Азим Иброҳим корҳои сохтмон дар нақби «Истиқлол»-ро хуб арзёбӣ намуд

Муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим вобаста ба баҳодиҳии сифати корҳои сементкунонии фарш ва пешгирии ҷоришавии об дар дохили нақб, ки аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Собир»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом дода шудаанд, аз нақби «Истиқлол» боздид кард. Тавре аз ҳукумати ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, баъд аз муоинаи корҳои анҷомёфта […]

ASIA-Plus



Муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим вобаста ба баҳодиҳии сифати корҳои сементкунонии фарш ва пешгирии ҷоришавии об дар дохили нақб, ки аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Собир»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом дода шудаанд, аз нақби «Истиқлол» боздид кард.

Тавре аз ҳукумати ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, баъд аз муоинаи корҳои анҷомёфта ва суҳбати тахассуси бо масъулини Вазорати нақлиёт ва ширкати «Собир» муовини сарвазир қайд намуд, ки  дар маҷмӯъ корҳои сохтмону барқарорсозӣ хуб анҷом ёфтаанд, вале баҳогузории сифати корҳои анҷомдода танҳо моҳҳои июн –июли соли 2016, яъне баъди обшавии яхҳо  имкон дорад.

Инчунин ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки ба ҷараёни иҷрои корҳои марҳилаи дуюми дохили нақб, ки аз равшангардонӣ ва насб намудани ҳавокашҳои пуриқтидор (вентиляторҳо)  иборат мебошад, вусъат  бахшида шавад.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.