Гумонбарии корманди яке аз меҳмонхонахои пойтахт ба ташкили фоҳишахона

Кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Файзобод, корманди яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанберо ба гумони ташкили фоҳишахона дастгир карданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, муайян карда шудааст, ки номбурда рӯзи 19 октябр, тахминан аз соатҳои 22:30 то 23:30-дақиқа ҳуҷраҳои меҳмонхонаро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 18-солаи […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Файзобод, корманди яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанберо ба гумони ташкили фоҳишахона дастгир карданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, муайян карда шудааст, ки номбурда рӯзи 19 октябр, тахминан аз соатҳои 22:30 то 23:30-дақиқа ҳуҷраҳои меҳмонхонаро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 18-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, марди 19-солаи сокини ноҳияи Панҷакент ва зани 20-солаи сокини ноҳияи Ёвон, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 19-солаи сокини шаҳри Чкалов, инчунин марди 35-солаи сокини ноҳияи Дарвоз ва зани 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 750 сомонӣ  гирифтааст.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.