Ҳабси тоҷикистониён дар Маскав ба гумони робита бо созмони террористӣ

Суди Мешанскии шаҳри Маскав рӯзи сешанбе шаҳрванди Тоҷикистон Суҳроб Ироновро ба гумони робита доштан бо созмони террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияташ дар қаламрави Русия манъ аст, ба ҳабс гирифт. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад. Бино ба маълумоти интишоршуда, рӯзи 12 октябр Хадамоти тафтишоти Раёсати Хадамоти федералии амният дар шаҳр ва вилояти Маскав нисбати […]

ASIA-Plus



Суди Мешанскии шаҳри Маскав рӯзи сешанбе шаҳрванди Тоҷикистон Суҳроб Ироновро ба гумони робита доштан бо созмони террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияташ дар қаламрави Русия манъ аст, ба ҳабс гирифт. Дар ин бора хабаргузории


РИА Новости


иттилоъ медиҳад.

Бино ба маълумоти интишоршуда, рӯзи 12 октябр Хадамоти тафтишоти Раёсати Хадамоти федералии амният дар шаҳр ва вилояти Маскав нисбати чанде аз афрод, аз ҷумла Иронов мутобиқи моддаи 205.5, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ФР (ташкили фаъолияти созмоне, ки мувофиқи қонунгузории Русия террористӣ эътироф шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Хабаргузорӣ қайд мекунад, ки қаблан рӯзи сешанбе суди Мешанскии шаҳри Маскав Аҳрор Раҳимовро ба гумони робита доштан бо созмони террористии «Ҳизб ут-Таҳрир ал Исломӣ» ба ҳабс гирифтааст.

Чанде пеш аз ин хабаргузории

«Интерфакс»

иттилоъ дода буд, ки суди Мешанскии шаҳри Маскав 20 нафарро ба гумони робита доштан бо созмони террористии «Ҳизб ут-Таҳрир» то нимаи моҳи декабр ба ҳабс гирифтааст.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, миёни ҳабсшудагон танҳо 1 нафараш шаҳрванди Русия ва боқимонда хориҷиён будаанд, ки айни замон дар Русия қайд надошта, бекор будаанд. Тибқи фарзияи тафтишот, ҳамаи онҳо бо ҳаракати фаъолияташ дар қаламрави Русия мамнӯъи «Ҳизб ут-Таҳрир ал Исломӣ» робита дошта, «аз малакаҳои пинҳонкорӣ ва муқовимат ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бархӯрдор будаанд».

Як манбаъи агентии «Москва» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

хабар додааст

, ки ҳабсшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки 6 нафарашон  дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи робита доштан бо созмони террористӣ ва 14 тан ба иштирок дар фаъолияти он гумонбар дониста мешаванд. Муфаттишон онҳоро дар таблиғи ғояҳои «Ҳизб ут-Таҳрир», ҷалби аъзои нав ба сафҳои он ва ҷамъоварии маблағи пулӣ барои эҳтиёҷоти ин ҳаракат гумонбар медонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.