Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Исфара иваз шуд

Дар шаҳри Исфара ҷаласаи Кумитаи иҷроияи бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ин шаҳр доир гардида, дар он масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд. Аз маркази матбуоти ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки раиси Кумитаи иҷроияи бахши ҲХДТ дар шаҳри Исфара Муртазо Эгамов бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифааш озод карда шудааст. […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Исфара ҷаласаи Кумитаи иҷроияи бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ин шаҳр доир гардида, дар он масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд.

Аз маркази матбуоти ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки раиси Кумитаи иҷроияи бахши ҲХДТ дар шаҳри Исфара Муртазо Эгамов бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифааш озод карда шудааст.

Бо пешниҳоди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дар мувофиқа бо раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон, Бурҳонбек Асадуллоев раиси нави Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Исфара интихоб шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов ба кумитаи ҳизб дар шаҳри Исфара барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда дастурҳо додааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.