ВКД Русия: Дар марги Умаралӣ Назаров кормандони милиса гуноҳ надоранд

Date:



Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта роҳбари хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Санкт-Петербург Вячеслав Степченко ба хабаргузории


РИА Новости


иттилоъ додааст, ки мақомоти пулис ҳолатҳои рӯзи 13 октябр аз дасти оилае аз Тоҷикистон гирифтани тифлашон санҷиши дақиқ гузаронидаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла наворҳои сабти видео омӯхта шуда, дар онҳо ҳеҷ амале, ки ба солимии кӯдак зиён оварда, минбаъд ба маргаш дар бемористон боис мегардид, ба қайд гирифта нашудааст.

Қаблан ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони назди президенти Русия Павел Астахов тафтиши далели марги тифли тоҷик дар Петербургро талаб кард.

Павел Астахов бо чунин дархост

ба Прокуратураи генералӣ ва ВКД Русия муроҷиат карда, тафтиши дақиқи амалҳои кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират ва мақомоти пулиси Санкт-Петербургро дархост кард.

Вазорати корҳои хориҷии Точикистон низ 

дар ин робита иттилоъ дода буд

, ки таҳқиқи ҳолатҳои марги фоҷиавии шаҳрванди панҷмоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаралӣ Назаров таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати кишвар дар Федератсияи Россия қарор дорад.

Узви Палатаи ҷамъиятии Русия Султон Ҳамзаев ба расонаҳо изҳор намуд, ки «ин қазияро таҳти назорати худ мегирад» ва ба вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев бо дархост муроҷиат кардааст, ки тафтишот ошкоро гузаронида шавад. Ҳамчунин ӯ пешниҳод намудааст, ки «тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба ин амал дастдошта ба ҳабс гирифта шаванд».

Санҷиши тафтишоти ин ҳодисаро Кумитаи тафтишот оғоз намуда, фарзияи пешакиаш марг аз бемории шадиди вирусӣ (ангезанда) унвон шуд. Ҳамзамон мақомоти пулис низ тафтишоти дохилиро шурӯъ кард.

«Мо рӯйдодҳои он рӯзро бо ҷузъиёти хурдтаринаш муайян кардем ва хулосаҳо аз санҷиш бо воситаҳои техникии назорат – сабти наворҳо аз видеокамераҳо дар ҳуҷраҳои шуъба тасдиқ мешаванд. Айни замон мо масъалаи имкони ба аҳли ҷомеа пешкаш кардани ин сабтҳоро баррасӣ дорем, то ки ҷараёни ҳодиса равшану возеҳ гардад», – гуфтааст ба РИА Новости намояндаи Сарраёсати ВКД.

Ба қавли Степченко, соати яки рӯз кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ) модару тифлашро ба шуъбаи пулис меоранд. Сипас кормандони ХФМ модарро барои анҷоми расмиёти асноди нақзи қонунгузории муҳоҷират бо худ бурда, тифлро ба нигоҳубини пулисзан аз хадамоти умури ноболиғон месупоранд ва то омадани табибон, ӯ дар дастони ин зан, корманди пулис будааст.

«Кормандони пулис дарҳол табибони ёрии таъҷилиро даъват кардааанд, ки ин тартиби муқаррарӣ нисбати кӯдакони хурдсолест, ки аз парастории модар маҳрум мемонанд. Дар шаҳр барои ин бемористони мушаххаси ба номи Симбалин муқаррар шудааст ва ба он ҷо бурдани тифл ҳатто ба масъалаи солимии ӯ рабт надорад, зеро ба таври автоматӣ ҳама гуна кӯдаки хурдсол зери назорати табибон супурда мешаванд», – шарҳ додааст ҷараёни ҳодисаро Степченко ба хабарнигори РИА Новости.

Ба гуфтаи ӯ, баъди 13-14 дақиқаи даъват табибон ҳозир шудаанд. Маълумоти ба хешовандон хабар надодани ба куҷо фиристодани тифлро мақомоти пулис қотеъона рад мекунанд.

«Тамоми ин вақт бибии кӯдак дар шуъба ҳузур дошта, баъди ба ихтиёри табибон супурдани тифл, ӯро аз ба куҷо фиристоданаш огаҳ кардаанд. Онҳо ҳуқуқ надоштанд, ки тифлро ба ихтиёри модаркалонаш супоранд, зеро ӯ намояндаи қонунии тифл нест. Ҳамчунин мо далели дубора ба шуъбаи пулис омадани модари тифлро ва гузашта аз ин, аз ҷониби кормандони пулис маълумот надодан дар бораи макони будубоши кӯдакро низ рад мекунем, зеро барои ин даъвоҳо ҳеҷ далели воқеъӣ вуҷуд надорад», – гуфтааст намояндаи пулис.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки бино ба иттилои 

сомонаи

 Кумитаи тафтишоти Русия, мақомоти ин Кумита дар шаҳри Санкт-Петербург дар мавриди ин қазия тибқи натиҷаҳои санҷиши то тафтишот аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 109, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Русия (То ба марг расонидан аз рӯи беэҳтиётӣ дар натиҷаи аз ҷониби шахс ба таври бояду шояд иҷро нашудани уҳдадориҳои касбии худ) парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...