Синдзо Абэро зимни сафар ба Тоҷикистон намояндагони 50 ширкат ҳамроҳӣ мекунанд

Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэро зимни сафари панҷрӯза ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз оғоз гардида, то 27 октябр идома меёбад, намояндагони 50 ширкатҳои ин кишвар ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, зимни боздид аз ҳар як кишвар дидору гуфтушунидҳои Синдзо Абэ бо сарони ин кишварҳо, ҳузур дар ҳамоишҳои тиҷоратӣ бо […]

ASIA-Plus



Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэро зимни сафари панҷрӯза ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз оғоз гардида, то 27 октябр идома меёбад, намояндагони 50 ширкатҳои ин кишвар ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин бора


РИА Новости


иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, зимни боздид аз ҳар як кишвар дидору гуфтушунидҳои Синдзо Абэ бо сарони ин кишварҳо, ҳузур дар ҳамоишҳои тиҷоратӣ бо иштироки соҳибкорони маҳаллӣ ва имзои изҳоротҳои муштараку санадҳо дар назар аст.

«Ин сафарро бидуни шубҳа таърихӣ метавон ном бурд. Пас аз Муғулистон нахуствазир ба Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон раҳсипор мешавад. Боздид аз Туркманистону Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустин сафари расмии раиси ҳукумати Ҷопон ба ин кишварҳо маҳсуб меёбад», – хабар додаанд ба РИА Новости аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, нахуствазири Ҷопон рӯзи 24 октябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми расмии кишвар дидору гуфтушунид мекунад.

Тибқи маълуомти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ҷопон ҳудуди 8,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5,5% зиёдтар аст. Дар муомилоти молӣ тӯли ин давра миёни кишварҳо беш аз 6,8 млн. доллари ИМА ба воридоти маҳсулот аз Ҷопон ба Тоҷикистон рост меояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.