Тоҷикистониёни муқими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико назди бинои консулгарии Русия дар шаҳри Ню-Йорк аксияи эътироз барпо карданианд.
«Мо дарёфт ва муҷозоти гунаҳкорон дар марги Умаралӣ Назарови 5-моҳаро талаб хоҳем кард, ки бо сабабҳои то ҳанӯз ошкорнашуда дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург ба ҳалокат расид», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дастандаркорони ин гирдиҳамойӣ.
Ба гуфтаи онҳо, тасмим гирифта шудааст, ки аксияи эътироз рӯзи 27 октябр дар кӯчаи 91-ум миёни кӯчаи бузург (авеню)-и Панҷум ва Мэдиссон, ки дар он ҷо консулгарии Русия воқеъ аст, барпо карда шавад. «Иҷозатномаи баргузор кардани аксия бо иштироки шумори номаҳдуди одамон аллакай гирифта шуд», – иброз доштанд онҳо.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин гирдиҳамойӣ тақрибан 100-200 нафар тоҷикистониёни муқими шаҳрҳои Ню-Йорк ва Ню-Ҷерси ширкат хоҳанд варзид.


