Тоҷикистониён назди консулгарии Русия дар Ню-Йорк аксияи эътироз барпо карданианд

Тоҷикистониёни муқими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико назди бинои консулгарии Русия дар шаҳри Ню-Йорк аксияи эътироз барпо карданианд. «Мо дарёфт ва муҷозоти гунаҳкорон дар марги Умаралӣ Назарови 5-моҳаро талаб хоҳем кард, ки бо сабабҳои то ҳанӯз ошкорнашуда дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург ба ҳалокат расид», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дастандаркорони ин гирдиҳамойӣ. Ба гуфтаи онҳо, тасмим гирифта шудааст, […]

ASIA-Plus



Тоҷикистониёни муқими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико назди бинои консулгарии Русия дар шаҳри Ню-Йорк аксияи эътироз барпо карданианд.

«Мо дарёфт ва муҷозоти гунаҳкорон дар марги Умаралӣ Назарови 5-моҳаро талаб хоҳем кард, ки бо сабабҳои то ҳанӯз ошкорнашуда дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург ба ҳалокат расид», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дастандаркорони ин гирдиҳамойӣ.

Ба гуфтаи онҳо, тасмим гирифта шудааст, ки аксияи эътироз рӯзи 27 октябр дар кӯчаи 91-ум миёни кӯчаи бузург (авеню)-и Панҷум ва Мэдиссон, ки дар он ҷо консулгарии Русия воқеъ аст, барпо карда шавад. «Иҷозатномаи баргузор кардани аксия бо иштироки шумори номаҳдуди одамон аллакай гирифта шуд», – иброз доштанд онҳо.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин гирдиҳамойӣ тақрибан 100-200 нафар тоҷикистониёни муқими шаҳрҳои Ню-Йорк ва Ню-Ҷерси ширкат хоҳанд варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.