Боздошти тоҷикистонии роҳбари яке аз бахшҳои «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар Маскав

– Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия як зодаи Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки роҳбари яке аз бахшҳои созмони байнулмилалии террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ» дар шаҳри Маскав будаст, – хабар дода мешавад дар сомонаи расмии ВКД Русия. «Зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ВКД дар ҳамдастӣ бо Хадамоти федералии амнияти Русия яке аз узви фаъоли созмони байнулмилалии террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир ар-Исломӣ»-ро […]

ASIA-Plus



– Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия як зодаи Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки роҳбари яке аз бахшҳои созмони байнулмилалии террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ» дар шаҳри Маскав будаст, –


хабар дода мешавад


дар сомонаи расмии ВКД Русия.

«Зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ВКД дар ҳамдастӣ бо Хадамоти федералии амнияти Русия яке аз узви фаъоли созмони байнулмилалии террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир ар-Исломӣ»-ро боздошт намуданд, ки дар қаламрави шаҳри Маскав ва гирду атрофи он амал мекард», – иттилоъ додааст намояндаи расмии ВКД Русия Елена Алексеева ва қайд кардааст, ки зодаи Тоҷикистон ҳангоми боздошт ба кормандлони пулис фаъолона муқовимат нишон додааст.

Муайян карда шудааст, ки боздоштшуда роҳбари яке аз бахшҳои созмони террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Русия буда, фаъолона аъзои навро ба ин созмон ҷалб мекардааст ва афкори исломи тундгароро таблиғ намуда, варақаҳоеро паҳн мекардааст, ки дар онҳо муқовимат ба ҳукумати кунунӣ ва ҳамчунин маълумоти бардурӯғ дар бораи амалҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарҷ ёфта будаанд.

«Боздошт шуда ба сохтори «Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ» дар Маскав бевосита муносибат дошта, нисбати он 19 октябри соли равон аз ҷониби кормандони ВКД амалиёти бузургмиқёс гузаронида шуд. Дар ҷараёни он 22 нафар аъзои фаъоли созмони байнулмилалии террористӣ, аз ҷумла роҳбарони бахшҳо ба ҳабс гирифта шуданд», – қайд мекунанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 октябр ВАО-и Русия

иттилоъ доданд

, ки суди Мешанскии шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Суҳроб Ироновро ба гумони робита доштан бо созмони террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияташ дар қаламрави Русия манъ аст, ба ҳабс гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.