Сокини Турсунзода тифли яксолаи худро то марг лату кӯб кард

Қарибиҳои шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ба беморхонаи «Насл», воқеъ дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе зани шахсияташ номаълум писарчаи 1-солаи худро барои азназаргузаронӣ ба назди духтур овардааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми муоинаи духтур муайян карда шудааст, ки кӯдакаш вафот кардааст. Аз ҷониби кормандони милитсия модари кӯдаки фавтида, зани 28-солаи истиқоматкунандаи шаҳри […]

ASIA-Plus



Қарибиҳои шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ба беморхонаи «Насл», воқеъ дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе зани шахсияташ номаълум писарчаи 1-солаи худро барои азназаргузаронӣ ба назди духтур овардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми муоинаи духтур муайян карда шудааст, ки кӯдакаш вафот кардааст. Аз ҷониби кормандони милитсия модари кӯдаки фавтида, зани 28-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир гардид.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда кӯдаки худро лату кӯб намуда, дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.