Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва гурӯҳи кормандони дастгоҳи марказӣ ба беморхонаи Раёсати тиббии ВКД ташриф оварда, аз ҳолу аҳвол ва саломатии кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки зимни амалиётҳои махсуси зидди гурӯҳи террористии А.Назарзода маҷрӯҳ гардидаанд, хабар гирифтанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни аёдат ва дидорбинӣ ҳайати кормандони Дастгоҳи Марказӣ аз номи Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ ба маҷрӯҳон маводи хӯрока ва маблағи пулӣ тақдим намуда, ба онҳо шифои комил хостанд.
Ҳангоми сӯҳбат бо корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ капитани милитсия Дилшод Зокиров зикр гардид, ки вазъи саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти назорати бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода қарор дошта, нисбати онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ҷароҳатбардоштагон бо тамоми шароитҳои зарурии табобат ва нигоҳубини табибони касбӣ таъмин гардида, ба онҳо кӯмаки ҳамаҷониба расонида мешавад.


