Ғамхории пайвастаи ВКД ба маҷрӯҳшудагон зимни амалиёт алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва гурӯҳи кормандони дастгоҳи марказӣ ба беморхонаи Раёсати тиббии ВКД ташриф оварда, аз ҳолу аҳвол ва саломатии кормандони  Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки зимни амалиётҳои махсуси зидди гурӯҳи террористии А.Назарзода маҷрӯҳ гардидаанд, хабар гирифтанд. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus



Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва гурӯҳи кормандони дастгоҳи марказӣ ба беморхонаи Раёсати тиббии ВКД ташриф оварда, аз ҳолу аҳвол ва саломатии кормандони  Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки зимни амалиётҳои махсуси зидди гурӯҳи террористии А.Назарзода маҷрӯҳ гардидаанд, хабар гирифтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни аёдат ва дидорбинӣ ҳайати кормандони Дастгоҳи Марказӣ аз номи Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ ба маҷрӯҳон маводи хӯрока ва маблағи пулӣ тақдим намуда, ба онҳо шифои комил хостанд.

Ҳангоми сӯҳбат бо корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ капитани милитсия Дилшод Зокиров зикр гардид, ки вазъи саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  таҳти назорати бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода қарор дошта, нисбати онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ҷароҳатбардоштагон бо тамоми шароитҳои зарурии табобат ва нигоҳубини табибони касбӣ таъмин гардида, ба онҳо кӯмаки ҳамаҷониба расонида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.