Оғози кори кумитаи тадорукоти бозии финалии Ҷоми КФО-2015 дар Душанбе

Кумитаи тадорукоти бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО-20), ки ташкили бозии ниҳоии ин мусобиқаро мутобиқи талаботи КФО таъмин мекунад, дар Душанбе ба кор шурӯъ кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои ташкил ва баргузории бозии финалии Ҷоми КФО-2015 дар Душанбе як ҳайати сершумори КФО ба пойтахти Тоҷикистон ташриф меоранд ва ҳайати […]

ASIA-Plus



Кумитаи тадорукоти бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО-20), ки ташкили бозии ниҳоии ин мусобиқаро мутобиқи талаботи КФО таъмин мекунад, дар Душанбе ба кор шурӯъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои ташкил ва баргузории бозии финалии Ҷоми КФО-2015 дар Душанбе як ҳайати сершумори КФО ба пойтахти Тоҷикистон ташриф меоранд ва ҳайати аввал аллакай ба Душанбе омада, бо кумитаи тадорукоти маҳаллӣ машварат гузарониданд ва аз майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ боздид ва бо шароитҳои он шинос шуда, бартараф намудани як қатор камбудиҳо тавсия доданд.

Мавриди зикр аст, ки бозии финалии Ҷоми КФО-2015 рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе байни дастахои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Ҷоҳор Дорул Такзим»-и Малайзия доир мегардад. Оғози бозӣ соати 16-00 муқаррар шудааст.

Дар вохӯрии мазкур аз иштироки меҳмонони воломақом, аз ҷумла президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа интизорӣ меравад.

Фурӯши билетхо ба бозӣ дар кассаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи расмии дастаи «Истиқлол» – «Joma» бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ ба роҳ монда шудааст. Арзиши билетҳо ба трибунаи ғарбӣ – 50 сомонӣ ва дигар трибунаҳо – 20 сомониро ташкил медиҳад. Пас аз анҷоми вохӯрӣ аз рӯи билетҳои воридшавӣ бозии лотерея гузаронида шуда, ҷоизаҳои сершумор, аз ҷумла 5 телефони «iPhone» барои бурд гузошта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.