Суғд: Корманди милиса як занро аз худкушӣ наҷот дод

Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд боз як ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ аз ҷониби корманди милитсия пешгирӣ карда шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, санаи 23-юми октябри соли равон, тахминан соати 10:40-дақиқа, ҷавонзани 38-солаНурматова Зарина, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, бо мақсади худкушӣ худро дар рӯ ба рӯи бинои шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд […]

ASIA-Plus



Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд боз як ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ аз ҷониби корманди милитсия пешгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, санаи 23-юми октябри соли равон, тахминан соати 10:40-дақиқа, ҷавонзани 38-солаНурматова Зарина, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, бо мақсади худкушӣ худро дар рӯ ба рӯи бинои шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир партофтааст.

Бо воқиф шудан аз ҳолати мазкур сержанти хурди милитсия Раҳматов Фирӯз Исмоилович милитсионери ротаи хадамоти посбонӣ-пайраҳадории милитсияи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт, аз худ ҳушёриву ҷасорат нишон дода Заринаи қасди худкушӣ доштаро, наҷот медиҳад. Сардии оби дарё низ монеъи ҷасорати Фируз Раҳматов нашуд. Амали саривақтии ӯ боис шуд, ки дар лаҳзаҳои барои ҳаёту саломати ҳалкунанда ҳаёти як инсон ҳифз карда шавад.

Сержанти хурди милитсия Фируз Раҳматов 23 сол дошта баъди адои хизмати ҳарби фаъолияти кориашро аз моҳи марти соли 2015 дар ШВКД дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ намудааст. Давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ин сеюмин ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ мебошад, ки аз тарафи кормандони милитсия пешгирӣ карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.