Бозхонди пеш аз муҳлати се узви КМИР Тоҷикистон

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров доир мегардад, масъалаи бозхонди се узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо пешниҳоди президент мавриди баррасӣ қарор мегирад. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров доир мегардад, масъалаи бозхонди се узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо пешниҳоди президент мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Вера Наимова, намояндаи ҳизби бо қарори Суди олӣ фаъолияташи мамнӯъ эълоншудаи ҲНИТ Ҷалолиддин Маҳмудов ва ҳамчунин узви ғайриҳизбӣ Акбаралӣ Сатторов пеш аз муҳлат аз аъзогӣ дар КМИР Тоҷикистон бозхонд мешаванд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти Вера Наумова дар КМИР Тоҷикистон ба сифати аъзо бинобар сабаби ба муддати зиёд ба хориҷи кишвар сафар кардан, Ҷалолиддин Маҳмудов бо сабаби моҳи май маҳкум гардидан барои ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа ва раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов бинобар сабаби марги бемаҳал дар моҳи август қатъ карда мешавад.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ» ва ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015», «Дар бораи бозори коғазҳои қимматнок», «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ва тағйироту илова ба Кодекси андоз низ баррасӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.