Путин аз қазияи марги Умаралӣ Назаров огаҳӣ дорад

Date:



– Президенти Русия Владимир Путин аз қазияи пурсарусадои марги кӯдаки шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург огаҳӣ дорад, – хабар додааст




РИА Новости


бо такя ба гуфтаҳои котиби матбуотии президенти ин кишвар Дмитрий Песков.

«Табиист, ки ӯ (Путин) аз ин ҳодиса бохабар аст, ба таври кофӣ ин ҳодисаи пуртаъсир аст ва дар ВАО он ба таври густурда инъикос шуд, сарвари давлат аз он огаҳӣ дорад», – иброз доштааст Песков дар посух ба саволи журналист дар ин бора.

Дар хамин ҳол, зимни посух ба саволи иловагӣ оид ба таҳти назорати президент қарор доштани ин ҳодиса, котиби матбуотии сарвари давлати Русия изҳор доштааст, ки «ҳар як ҳодиса таҳти назорати президент буда наметавонад, ин ғайриимкон аст».

«Ғайр аз ин, бисёр муҳим аст, ки воситаҳои мақомоти давлатӣ вуҷуд доранд, ки ҳар кадомаш вобаста ба салоҳияти худ ба ҳалли мушкилоти гуногун машғуланд», – қайд кардааст Песков.

Бино ба маълумоти

ТАСС

, Песков зикр кардааст, ки ин ҳодиса «ҳеҷ гуна гузориш ба президентро тақозо намекунад» ва хотиррасон кардааст, ки аз рӯи ин ҳодиса ваколатдори ҳуқуқи кӯдакони назди президент

Павел Астахов

аллакай изҳори андеша кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related