Гузориши Бонки ҷаҳонӣ оид ба иқтисоди Осиёи Марказӣ

Сариқтисодии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ханс Тиммер рӯзи 27 октябр бо сафари чоррӯза ба Душанбе омад. Аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадафи аслии сафар пешниҳоди гузориш дар бораи дурнамоҳои нави рушди иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ аст. Дар намояндагӣ қайд карданд, ки маросими […]

ASIA-Plus



Сариқтисодии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ханс Тиммер рӯзи 27 октябр бо сафари чоррӯза ба Душанбе омад.

Аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадафи аслии сафар пешниҳоди гузориш дар бораи дурнамоҳои нави рушди иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ аст.

Дар намояндагӣ қайд карданд, ки маросими муаррифии гузориш имрӯз, 29 октябр дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт доир мегардад.

«Гузориш аз ду қисмати асосӣ иборат аст. Дар қисмати аввал гузориш оид ба рушди иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ пешниҳод гардида, ноустувории рушди иқтисод дар Аврупои Ғарбӣ, ҳамчунин мушкилоти суботи вазъ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ қайд мешавад. Қисмати дуюм аз таҳлили нархҳо ба нафт ва қурбҳои мубодилаи воқеъӣ иборат буда, зарурати мутобиқат ба «воқеъияти нави нархҳои паст ба нафт» ва ҳамзамон таъмини тадбирҳои ҳадафмандонаи дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандсозӣ барои гуногунсозии бахшҳои иқтисод таъкид мешавад», -гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.