Сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Самарқанд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов нимаи дуюми рӯзи 31 октябр ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи муштараки Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба шаҳри Самарқанд меравад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вохӯрӣ дар Самарқанд дар шакли нави муколама миёни […]

Аваз Юлдошев



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов нимаи дуюми рӯзи 31 октябр ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи муштараки Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба шаҳри Самарқанд меравад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вохӯрӣ дар Самарқанд дар шакли нави муколама миёни ИМА ва давлатҳои Осиёи Марказӣ «С5+1» баргузор гардида, иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба мушкилоти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ мекунанд.

Дар ҷаласаи мазкур ба ҷуз Котиби давлатии ИМА, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, бори нахуст вазири корҳои хориҷии Афғонистон низ иштирок мекунад.

Қаблан дар доираи кори Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк рӯзи 26 сентябри соли равон Ҷон Керри бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ дидору гуфтушунид карда буд. Он замон ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки имкони баргузории муколамаҳои минбаъда дар шакли «С5+1»-ро ба иловаи робитаҳои мавҷудаи дуҷониба баррасӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.