Футболбозони дастаи Малайзия ба Душанбе омаданд

Дастаи футболи «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия барои ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо 28 октябр аз Дубай ба Душанбе омад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии «Ҷоҳор Дарул Такзим» Роберто Карлос Марио Гомес бо худ ба Душанбе 23 бозигар […]

ASIA-Plus



Дастаи футболи «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия барои ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо 28 октябр аз Дубай ба Душанбе омад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии «Ҷоҳор Дарул Такзим» Роберто Карлос Марио Гомес бо худ ба Душанбе 23 бозигар овардааст, ки дар байни онҳо чаҳор легионер аз Аргентина, Бразилия ва Сингапур мебошанд.

Гуфта мешавад, бегоҳи чоршанбеи 28 октябр бошгоҳи малайзиягӣ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе аввалин тамринашро анҷом дод.

Ёдрас мекунем, ки бозии финалии Ҷоми КФО-2015 рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе байни дастахои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Ҷоҳор Дорул Такзим»-и Малайзия доир мегардад. Оғози бозӣ соати 16-00 муқаррар шудааст.

Дар вохӯрии мазкур аз иштироки меҳмонони воломақом, аз ҷумла президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа интизорӣ меравад.

Фурӯши билетхо ба бозӣ дар кассаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи расмии дастаи «Истиқлол» – «Joma» бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ ба роҳ монда шудааст. Арзиши билетҳо ба трибунаи ғарбӣ – 50 сомонӣ ва дигар трибунаҳо – 20 сомониро ташкил медиҳад. Пас аз анҷоми вохӯрӣ аз рӯи билетҳои воридшавӣ бозии лотерея гузаронида шуда, ҷоизаҳои сершумор, аз ҷумла 5 телефони «iPhone» барои бурд гузошта шудааст.

Маблағи ҷоизаи бозии ниҳоии Ҷоми AFC – мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар тақдим мешавад.

Доварони бозиини ҳоии Ҷоми AFC-2015 байни “Истиқлол” ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» аз Ҷопон мебошанд. Довари ФИФА Тоҷо Миноруи 39-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанони ӯ, ёварони довари ФИФА – Наги Тошиюкии 44-сола ва Очи Синдзии 40-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Довари ФИФА Ииду Юмпеи 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Хонӣ Толиб Сафар аз Қатар нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.