Ҳаҷми сармоягузорӣ ба сохтмони компуси ДОМ дар Хоруғ ба 94,4 млн. $ расид



Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) барои ба итмом расонидани сохтмони компуси  дуюм дар Тоҷикистон, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда бояд соли 2017 ба анҷом расад, бо сармоягузории умумӣ ба маблағи $.94,4  фаъолона кӯшиш мекунад.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи ДОМ дар ин робита иттилоъ доданд,

дар баробари 64,4 миллион доллар маблағи ҷудокарда аз ҷониби Бунёди Оғохон оид ба Рушд (AKDN), ки аз он 7,5 миллион доллар аз ҷониби Фонди Оғохон, Корпоратсияи  Сармоягузории Хусусии Хориҷӣ (КСХХ), ки он  муассисаи рушди молиявии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, барои ба  анҷом расонидани марҳилаи якуми сохтмон дар шаҳри Хоруғ ба маблағи 30 миллион доллар  зиёд кард.

Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ, ки дар баландии 2200 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, идома дорад. Анҷоми сохтмон соли 2017 дар назар аст.

«Воситаҳои муосири дастгирӣ,  аз ҷумла таъмини озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббӣ барои кормандони соҳаи сохтмонӣ дар моҳи июни соли гузашта ба анҷом расид, – гуфт манбаъ. – Баъди пурра тайёр намудани майдони сохтмонӣ, марҳилаи якуми сохтмон, ки он майдони 15 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад  ва он аз як бинои таълимии сеошёна (манзили истиқоматӣ, китобхона, синфхонаҳо,  лабораторияи компютерӣ, ҷойҳои умумӣ барои донишҷӯён,  ошхона, нуқтаҳои маъмурӣ ва нуқтаи қабули факулта,  идораҳо ва ҷойҳои истиқоматӣ), хобгоҳҳои донишҷӯён, лабораторияҳо, бинои зисти донишҷӯён ва иншооти варзишии дорои дараҷаи байналмилалиро дар бар мегирад».

Дар назар аст, ки вақте Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пурра ба фаъолият оғоз мекунад, компусҳои он дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон амал хоҳанд кард. Ифтитоҳи компус дар шаҳри Нарини Қирғизистон моҳи сентябри соли оянда, дар Хоруғ моҳи сентябри соли 2017 ва дар шаҳри Текелии Қазоқистон соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное