БМТ фаъолияти 5 ташкилоти қарзиро қатъ кард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори худ фаъолияти панҷ ташкилоти қарзии хурдро қатъ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Авлодон”, ҶДММ ТҚХ “Беҳнамо”, ҶДММ ТҚХ “Имкон 2010”, ҶСП ТҚХ “Омад”ва ҶСП ТҚХ “Умеди Ёвон”-ро қатъ […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори худ фаъолияти панҷ ташкилоти қарзии хурдро қатъ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Авлодон”, ҶДММ ТҚХ “Беҳнамо”, ҶДММ ТҚХ “Имкон 2010”, ҶСП ТҚХ “Омад”ва ҶСП ТҚХ “Умеди Ёвон”-ро қатъ гардонид.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ин ташкилотҳо бо дархости онҳо оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ барҳам дода шудаанд.

Таъкид мешавад, ки тайи чанд соли охир сатҳи миёнаравии молиявии ташкилотҳои зикршуда дар бозори молиявии ҷумҳурӣ паст шуда буд.

Гуфта мешавад, мутобиқи ин қарор иҷозатномаҳои ин ташкилотҳои қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода шудаанд, бозхонд шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешавад.

Зикр мегардад, ки ба замми ин, мақомоти ваколатдори ташкилотҳои қарзии хурди зикршуда вазифадор карда шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.

Бино ба маълумоти БМТ, бидуни назардошти ташкилотҳои дар боло зикршуда, дар Тоҷикистон 38 ташкилоти қарзии хурд амал мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.