Сабаби марги Умаралии 5-моҳаро рӯзи 14 ноябр эълон мекунанд

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Санкт-Петербург Светлана Агапитова ба журналистон хабар додааст, ки сабаби марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки дар яке аз бемористонҳои ин шаҳр фавтид, бояд рӯзи 14 ноябр баъди маълум шудани натиҷаҳои таҳқиқи ҷасад муайян карда шавад. «То замони ба итмом расидани кори Кумитаи тафтишот, сухан гуфтан дар бораи сабабҳои марги кӯдак […]

ASIA-Plus



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Санкт-Петербург Светлана Агапитова ба журналистон хабар додааст, ки сабаби марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки дар яке аз бемористонҳои ин шаҳр фавтид, бояд рӯзи 14 ноябр баъди маълум шудани натиҷаҳои таҳқиқи ҷасад муайян карда шавад.

«То замони ба итмом расидани кори Кумитаи тафтишот, сухан гуфтан дар бораи сабабҳои марги кӯдак барвақт аст. Натиҷаҳои таҳқиқи ҷасад рӯзи 14 ноябр маълум шуда, сипас сабаби марги кӯдак муайян мегардад», – хабар медиҳад  

РИА Новости

бо такя ба суханони С.Агапитова.

Ба гуфтаи ӯ, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин далел «бо моддаи барои табибон вазнин боз шудааст».

Номбурда ҳамчунин гуфтааст, тафтишт бар ин гумон аст, ки дар ин вазъ табибон ба таври бояду шояд вазифаҳои касбии худро ба иҷро нарасонидаанд. С.Агапитова қайд кардааст, ки дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони Петербург бо диаспораи тоҷикон дар Петербург ҳамкорӣ дошта, ҳамчунин аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон низ дархост расидааст.

«Барои мо ин фоҷеаи даҳшатангез аст, вале мо бояд бифаҳмем, ки чӣ ҳодиса рух додааст, то ки минбаъд чунин фоҷеаҳо такрор нашаванд», – таъкид доштааст С.Агапитова.

Рӯзи 22 октябр роҳбари хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Санкт-Петербург Вячеслав Степченко ба хабаргузории 

РИА Новости

 иттилоъ дода буд, ки мақомоти пулис ҳолатҳои рӯзи 13 октябр аз дасти оилае аз Тоҷикистон гирифтани тифлашон

санҷиши дақиқ гузаронидаанд.

Рӯзи дигар дар шаҳри Маскав брифинги намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова доир гардид, ки дар он ӯ роҷеъ ба ҳодисаи марги тифли тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург низ

изҳори назар кард.

Ахири ҳамин моҳ котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков ба

РИА Новости

 изҳор намуд, ки президенти Русия Владимир Путин аз қазияи пурсарусадои марги кӯдаки шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург

огаҳӣ дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.