Баррасии дурнамои ҳамкориҳо миёни БМТ ва Бонки ҷаҳонӣ

Дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии сариқтисодчии Идораи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи марказӣ Ханс Тиммер шарҳи рушди иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи марказӣ, ноустувории болоравии иқтисодӣ дар ин минтақаҳо ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ташкилоти молиявӣ бо Бонки миллӣ муҳокима гардиданд. Бино […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии сариқтисодчии Идораи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи марказӣ Ханс Тиммер шарҳи рушди иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи марказӣ, ноустувории болоравии иқтисодӣ дар ин минтақаҳо ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ташкилоти молиявӣ бо Бонки миллӣ муҳокима гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба таҳлили нархҳои нефт, қурбҳои воқеӣи мубодилавӣ, зарурияти мутобиқ шудан ба воқеияти нави нархҳои пасти нефт ва таъмини чораҳои мақсаднок барои дастгирии ичтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар робита ба ин мавзуъ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ.К.,иттилоъ дод, ки бо назардошти ба эътидол омадани вазъи бозори хариду фурӯши долл. нақди ИМА ва бо мақсади ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ гузаштан, бо дастури Бонки миллӣ қурби хариду фуруши долл. нақди ИМА аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ муқаррар карда мешавад.

Номбурда таъкид кард, ки мақсад аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиётҳои ҳаннотӣ, ба танзим даровардану таъмини шаффофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад.

Оид ба ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии гузариши зина ба зина ба қурби ягонаи мубодилавӣ, таъмини фаъолияти муназзаму босуботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ Ханс Тиммер ва аъзои дигари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ андешаҳои худро баён карданд.

Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот тарафҳо ба хулосае омаданд, ки дар ояндаи наздик барои дастгирии ичтимоии аҳолӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти бозори молиявии ҷумҳурӣ тарҳҳои наву ояндадорро таҳия ва пешниҳод хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.