Оғози ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони ИДМ дар Душанбе

Дар маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и пойтахт имрӯз ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи мазкур нахуствазирони Арманистон – Овик Абраамян, Беларус – Андрей Кобяков, Қазоқистон – Карим Масимов, Қирғизистон – Темир Сариев ва Русия – […]

Аваз Юлдошев



Дар маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и пойтахт имрӯз ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи мазкур нахуствазирони Арманистон – Овик Абраамян, Беларус – Андрей Кобяков, Қазоқистон – Карим Масимов, Қирғизистон – Темир Сариев ва Русия – Дмитрий Медведев ба Душанбе ташриф оварда, Тоҷикистонро дар ин ҷаласа нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад.

Дар ҷаласа аз Туркманистон муовини раиси девони вазирон, аз Озарбойҷону Ӯзбекистон – муовинони нахуствазири ин кишварҳо ва аз Украина сафири ин давлат дар Тоҷикистон Виктор Никитюк иштирок мекунанд.

Мутобиқи барномаи сафар иштирокчиёни ҷаласаро нахуст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Сипас иштирокдорони ҷаласа масоили рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ намуда, пас аз имзои санадҳо аз натиҷаҳои он дар нишасти хабарӣ маълумот дода хоҳад шуд. Дар ин ҷаласа баррасии 40 лоиҳаи санадҳо дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.