Вокуниши ҷиддии мардуми Русия ба марги тифли 5-моҳаи тоҷик

Мардуми оддии таҳҷоии Русия, одамони касбу кори гуногун ба марги тифли 5 -моҳаи тоҷик Умаралӣ Назарзода дар шаҳри Санкт-Петербург вокуниши ҷиддии шахрвандӣ нишон медиҳанд. Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита хабар дод, баъди расонаӣ шудани ин қазия, дар радифи вокуниши мақомоти расмии Федератсияи Русия, аз қабили Раёсати Президенти Русия, […]

ASIA-Plus



Мардуми оддии таҳҷоии Русия, одамони касбу кори гуногун ба марги тифли 5 -моҳаи тоҷик Умаралӣ Назарзода дар шаҳри Санкт-Петербург вокуниши ҷиддии шахрвандӣ нишон медиҳанд.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита хабар дод, баъди расонаӣ шудани ин қазия, дар радифи вокуниши мақомоти расмии Федератсияи Русия, аз қабили Раёсати Президенти Русия, Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Палатаи ҷамъиятии кишвар ҷомеаи шаҳрвандии Русия низ ба такон омад.

«Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал ба Сафорати Тоҷикистон ва Консулгарии фахрии кишвари мо дар Санкт-Петербург одамони одӣ, сокинони таҳҷоии ин кишвар зангҳои пайдарпайи телефонӣ намуда, изҳори ҳамдардӣ ва ҳамдилии хешро ба хонаводаи ғамзадаи тоҷик дар ин фоҷеа баён медоранд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, ахиран, дар шафати бинои Сафорати ҶТ дар ФР дар хиёбони Гранатний, 13 шаҳри Маскав ва дар назди бинои Консулгарии фахрии ҶТ дар Санкт-Петербург дастаҳои гул, бозичаҳои тифлона ва варақаҳо бо навиштаҷоти самимӣ, аз қабили «Моро бубахш…», «Моро набахш, Умар. Мо арзанда нестем…» пайдо шудаанд. Зимнан зикр гардид, ки ин амалро Сафорати ҶТ дар ФР ҳамчун мавқеи шаҳрвандии сокинони Федератсияи Русия нисбат ба ин фоҷеа, эътирози ҷиддии онҳо бар зидди беаҳамиятӣ, бемасъулиятӣ ва хунукназарии баъзе мақомоти марбута арзёбӣ менамояд. Эҳсос мешавад, ки дар Русия раванди фароҳам омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ бо хусусиятҳои хоси башарӣ таҳким меёбад.



 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.