Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймои як ширкати Русия, ки бар асари он 224 нафар ҳалок шуданд, ба президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «хабари садамаи мудҳиши ҳавопаймои мусофирбар дар нимҷазираи Синай, ки боиси марги беш аз дусад нафар одамон, аз ҷумла кӯдакон гардид, моро ба изтироб овард».

«Дар ин соатҳои ҳазин, аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон дар робита ба ин фоҷеа ба роҳбарият ва халқи дӯсти Русия тасаллияти амиқ баён намуда, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед», – омадааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 31 октябр ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати “Когалымавиа зимни парвоз аз шаҳри Шарм-ул-Шайх сӯи шаҳри Санкт-Петербург баъди 23 дақиқа  дар болои нимҷазираи Синой ба садама дучор гардида, дар натиҷа 224 нафар, аз ҷумла 217 мусофир ва 7 сарнишини ҳавопаймо ҳалок шуданд, ки 17 нафарашон кӯдакон мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное