Д.Медведев рафти таҳқиқи қазияи марги Умаралиро зери назорати шахсӣ гирифт

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведевро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот, баробари мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, ҳамчунин масъалаҳои  вобаста ба робитаҳои дуҷонибаи […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведевро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот, баробари мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, ҳамчунин масъалаҳои  вобаста ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти шарокати стратегии Тоҷикистону Русияро таъкид дошта, изҳори бовар намуд, ки ҳамаи масоили рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду шарики стратегӣ ва муттафиқ ҳаллу фасл шуда, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахши мо пайваста таҳкиму густариш меёбанд.

Дар робита ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, хусусан густариши нооромиҳо дар шимоли Афғонистон, ба масоили вобаста ба татбиқи барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дастгирии техникии нерӯҳои сарҳадии кишвари мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Баррасии масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иҷрои нақшаҳои кории ширкати Газпроми Русия дар Тоҷикистон ва фаъолияти нерӯгоҳи обии Сантӯда-1 ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Ба масоили саҳлу содда намудани шароити ҳуқуқии корӣ ва будубоши муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Федератсияи Русия таваҷҷуҳи бисёр зоҳир гардид. Аз ҷумла изҳори бовар карда шуд, ки санҷишу тафтиши кирдорҳои кормандони алоҳидаи мақомоти дахлдори Русия, ки боиси марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург гардид, бо риояи талаботи қонун ва мунсифона ҷараён меёбад ва  омилони ин ҳодисаи нангин ҷазои сазовор мегиранд.

“Мо умедворем, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани руҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд”, – таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Ҳукумати Русия изҳор дошт, ки рафти таҳқиқи ин ҳодисаи нанговар дар зери назорати худи ӯ буда, барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон ёфтааст.

Дар фароварди суҳбат Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ ба натиҷаҳои дилхоҳ мерасад ва будубоши меҳмонони воломақом дар Тоҷикистон гуворо хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.