Шикасти «Истиқлол» дар бозии финалии Ҷоми КФО-2015

Дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, соҳибони майдон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аз тими “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия шикаст хӯрданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, голи ягонаро ҳамлагар Леандро Веласкес, легионери аргентинии […]

ASIA-Plus



Дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, соҳибони майдон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аз тими “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия шикаст хӯрданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, голи ягонаро ҳамлагар Леандро Веласкес, легионери аргентинии “Ҷоҳор Дарул Таъзим”,  дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 23-юм, ба ҳадаф расонид.  

Гуфта мешавад, баъди анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми AFC маросими мукофотсупорӣ доир шуд. Дастаи ғолиб – “Ҷоҳор Дарул Таъзим”  бо Ҷоми AFC, медалҳои тилло сарфароз гашт. Ба дастаи “Истиқлол” – финалисти Ҷоми AFC – медалҳои нуқра супурда шуд.

Зикр мегардад, ки маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC – мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар супурда мешавад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ лотерея доир шуд. Панҷ нафар мухлисони хуштолеъ телефонҳои мобилии «iPhone 6» бурд карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.