Қабули изҳороти муштараки ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба шарикӣ

Дар маҷмааи «Форумлар мажмуаси»-и шаҳри Самарқанди кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон рӯзи 1 ноябр вохӯрии вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ба ҷаласаи муштарак вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ҳусни оғоз бахшида, дар вохӯрӣ Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ, вазирони корҳои […]

Аваз Юлдошев



Дар маҷмааи «Форумлар мажмуаси»-и шаҳри Самарқанди кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон рӯзи 1 ноябр вохӯрии вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ба ҷаласаи муштарак вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ҳусни оғоз бахшида, дар вохӯрӣ Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ, вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон – Ерлан Идрисов, Қирғизистон – Эрлан Абдилдаев, Тоҷикистон – Сироҷиддин Аслов ва Туркманистон – Рашид Мередов иштирок карданд.

Гуфта мешавад, оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсату иқтисод ва тиҷорату фарҳанг табодули назар сурат гирифта, масоили муҳиму рӯзмарраи минтақавӣ ва байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА Изҳороти муштарак қабул шуда, иштирокдорони вохӯрӣ ташкили шакли нави ҳамкории «С5+1» (кишварҳои Осиёи Марказӣ + ИМА)-ро барои роҳандозии муколамаи мунтазами сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии шаш давлат ҷиҳати баррасии масоли мавриди таваҷҷуҳи тарафайн маъқул шумориданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.