Дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, соҳибони майдон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аз тими “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия шикаст хӯрданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, голи ягонаро ҳамлагар Леандро Веласкес, легионери аргентинии “Ҷоҳор Дарул Таъзим”, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 23-юм, ба ҳадаф расонид.
Гуфта мешавад, баъди анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми AFC маросими мукофотсупорӣ доир шуд. Дастаи ғолиб – “Ҷоҳор Дарул Таъзим” бо Ҷоми AFC, медалҳои тилло сарфароз гашт. Ба дастаи “Истиқлол” – финалисти Ҷоми AFC – медалҳои нуқра супурда шуд.
Зикр мегардад, ки маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC – мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар супурда мешавад.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ лотерея доир шуд. Панҷ нафар мухлисони хуштолеъ телефонҳои мобилии «iPhone 6» бурд карданд.



