Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон адвокати иттиҳодияи ҷамъиятии «Сипар» Дилбар Додоҷоноваро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади дар марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ӯ аз шаҳрванд «М» маблағи пулии 10 ҳазор доллари амрикоӣ гуё ҳамчун ҳаққи хизмати судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намудааст.
«Санаи 26 октябри соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷуӣ дар кӯчаи Зафари ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зимни гирифтани маблағи 5 ҳазору 800 доллари амрикоӣ ва 1000 сомонӣ аз шаҳрванд «М» дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд», – омадааст дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Дилбар Додаҷонова бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо истифодаи мақоми хизматӣ ва расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад. Гумонбаршуда таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки Дилбар Додоҷонова адокати сеюми иттиҳодияи ҷамъиятии «Сипар» мебошад, ки тайи моҳи ахир боздошт шуд. Санаи 28 сентябр роҳбари «Сипар», адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки аз манфиатҳои аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоят мекард, боздошт шуда, баъдтар, 23 октябр адвокати дигари «Сипар» Нуриддин Маҳкамов низ боздошт шуд, ки ӯ низ аз манфиатҳои аъзои ҲНИТ ҳимоят мекард. Аммо аз манфиатҳои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро ҳимоя кардани Дилбар Додоҷонова алҳол маълумот дастрас нест.



