Душанбе интиқоли силоҳ ба толибонро рад мекунад

Сохторҳои қудратии Тоҷикистон маълумоти чанде аз васоити ахбори умуми Афғонистон дар бораи аз ҷониби Душанбе ба ҳаракати Толибон интиқол шудани аслиҳаро ҳарзае беш намедонанд. Дар маълумоти худ ВАО-и ин кишвар ба котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Афғонистон Давлат Вазир истинод меовардаанд, ки гӯё ӯ гуфтааст, аслиҳа тариқи чархболҳои Нерӯҳои низомии ҳавоии Тоҷикистон интиқол меёфтааст. Бино ба […]

Аваз Юлдошев



Сохторҳои қудратии Тоҷикистон маълумоти чанде аз васоити ахбори умуми Афғонистон дар бораи аз ҷониби Душанбе ба ҳаракати Толибон интиқол шудани аслиҳаро ҳарзае беш намедонанд.

Дар маълумоти худ ВАО-и ин кишвар ба котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Афғонистон Давлат Вазир истинод меовардаанд, ки гӯё ӯ гуфтааст, аслиҳа тариқи чархболҳои Нерӯҳои низомии ҳавоии Тоҷикистон интиқол меёфтааст.

Бино ба иттилои

радиои Озодӣ

бо такя ба гузориши баъзе расонаҳои Афғонистон, дар вулусволиҳои Вахон, Шуғнон ва Ишкошими вилояти Бадахшон чархболҳои Тоҷикистон нишасту бархост карда, гумон меравад, ки барои бархе аз фармондеҳони ғайримасъул аслиҳа медиҳанд ва ба ивази он маводи маданӣ, назири тилло ва лоҷувардро ба Тоҷикистон интиқол медодаанд.

Як манбаъи «Азия-Плюс» дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ин маълумотро ҳарза унвон карда, қайд кард, ки гузашта аз ин, дар посух ба дархости расмии Душанбе Кобул ин маълумотро рад кардааст.

Баъдан Вазорати мудофиаи Афғонистон расман маълумоти аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳаракати Толибон интиқол шудани аслиҳаро рад кард.

Ба андешаи котиби матбуотии Вазорати мудофиаи тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев, ин гуна маълумот ҳосили андешарониву хаёлоти касонест, ки оид ба муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон тасввуроте надоранд.

«Тоҷикистон ҳаракати Толибонро созмони терористӣ эътироф намуда, дар масоили робита ва ҳамкории мутақобила миёни сохторҳои қудратии Тоҷикистону Афғонистон ҳеҷ мушкилие ҷой надорад», – афзуд Маҳмадалиев.

Дар ҳамин ҳол, радиои Озодӣ ҳамчунин дар мавриди ин масъала боз менависад, моҳе қабл расонаҳои Афғонистон аз қавли фармонедҳони маҳаллии Толибон хабар нашр карда будан, ки гӯё Кундуз бо силоҳҳои Тоҷикистон, ки бар ивази раҳоии чор сарбозаш соле қабл дода буд, суқут кардааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.