Мизи гирди Оксфам оид ба гендер, синну сол ва маъюбият

Ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон бахшида  ба натиҷаҳои Таҳлил роҷеъ ба ҷанбаҳои гендер, синну сол ва маъюбият дар лоиҳаҳои вобаста  ба  Коҳиш  додани  хатари  офатҳои  табиӣ мизи  мудаввар баргузор  намуд.   Ҳадафи чорабинӣ  –  саҳмгузорӣ  ва  таҳия  намудани  тадбиру  тавсияҳо  барои  такмили  муколама  оид  ба  Платформаи  нави  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба  паст кардани хатари офатҳо […]

ASIA-Plus



Ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон бахшида  ба натиҷаҳои Таҳлил роҷеъ ба ҷанбаҳои гендер, синну сол ва маъюбият дар лоиҳаҳои вобаста  ба  Коҳиш  додани  хатари  офатҳои  табиӣ мизи  мудаввар баргузор  намуд.

 

Ҳадафи чорабинӣ  –  саҳмгузорӣ  ва  таҳия  намудани  тадбиру  тавсияҳо  барои  такмили 

муколама  оид  ба  Платформаи  нави  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба  паст кардани хатари офатҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №98 аз 1 марти соли 2012 мебошад.

Дар кори мизи  мудаввар  мақомотҳои  давлатӣ,  ташкилотҳои  маблағгузор,  ҷамъияти 

шаҳрвандӣ,  зиёиёну намояндагони кумитаҳои маҳалла ва  воситаҳои  ахбори  омма ширкат варзиданд.

«Оксфам  дар  якҷоягӣ  бо  шарикони  миллӣ  ва  байналмилалӣ  барои  омода намудани  шахсони  осебпазир  дар  мавриди  вокуниши  сареъ  ба  таҳдидҳои эҳтимолӣ  кору  фаъолият  намуда,  умедворем,  ки  муҳокимаи  имрӯза  боиси  он мешавад,  ки  минбаъд  масъалаҳои  вобаста  ба  гендер,  синну  сол  ва  маъюбият ҳангоми  банақшагирии  лоиҳаҳои  вобаста  ба  Коҳиш  додани  хатарот  аз  офатҳои табиӣ  зиёдтар  фаро гирифта  хоҳанд  шуд”,-  гуфт  Боян  Колундзия  Директори ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон.

Таҳлил  дар  доираи  барномаи  Оксфам  оид  ба  Коҳиш  додани  хатари  офатҳои табиӣ  гузаронда  шуд,  ки  ин  лоиҳа  аз  тарафи  Барномаи  Шӯъбаи  кӯмаки башардӯстонаи  фонди  Комиссияи  Аврупо  оид  ба  омодагӣ  ба  офатҳои  табиӣ  ба маблағи умумии 420000 Евро (3030787 сомони) сармоягузорӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.