Бозии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзи 28 ноябр дар Душанбе доир мегардад

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015-ро муайян кард. Менеҷери Лига Алишер Ӯрунов ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ додааст, ки ин бозӣ рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир гардида, оғози бозӣ соати 14-00 муқаррар шудааст. Дар бозии 24-уми финалӣ […]

Аваз Юлдошев



Лигаи миллии футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015-ро муайян кард.

Менеҷери Лига Алишер Ӯрунов ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ додааст, ки ин бозӣ рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир гардида, оғози бозӣ соати 14-00 муқаррар шудааст. Дар бозии 24-уми финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳам рақобат мекунанд.

Ҳамчун қаҳрамони мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Истиқлол» аллакай ба даври гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми футболи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 роҳхат гирифт. Дар сурати пирӯзии дастаи «Регар-ТадАЗ» дар ин вохӯрӣ, ин даста ба давраи интихобии Ҷоми КФО-2016 роҳ меёбад, вале дар сурати ғалабаи дастаи «Истиқлол», Тоҷикистонро дар даври интихобии Ҷоми КФО-2016 дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи мамалакат дар соли равон намояндагӣ мекунад.

Барои ишғоли зинаи дуюм дар мусобиқи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бештар имкон дорад. Барои соҳиб шудан ба медалҳои нуқраи чемпионат, хуҷандиҳоро зарур аст, ки дар ду бозии боқимонда бо дастахои «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Равшан»-и Кӯлоб як ғалаба ба даст оранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.