Боздиди ҳайати бонуфузи шаҳри Урумчӣ аз Душанбе

Як ҳайати бонуфузи шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин таҳти раҳбарии узви Кумитаи доимии Ҳизби коммунисти Чин дар ин дар ноҳия Чжу Хайлун аз 31 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Душанбе қарор доштанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ҳадаф аз ин сафар таҳкими робитаҳои бародаршаҳрҳо […]

ASIA-Plus



Як ҳайати бонуфузи шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин таҳти раҳбарии узви Кумитаи доимии Ҳизби коммунисти Чин дар ин дар ноҳия Чжу Хайлун аз 31 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Душанбе қарор доштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ҳадаф аз ин сафар таҳкими робитаҳои бародаршаҳрҳо – Душанбе ва Урумчӣ ва ҳамчунин густариши бештари ҳамкориҳо миёни ин шаҳрҳо аст.

Дар ҳайати мазкури ҷониби Чин ба ҷуз раҳбарияти Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур ҳамчунин роҳбарони шаш корпоратсияҳои бузурги саноатии ин минтақа низ ҳузур доштанд.

Меҳмонон аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки аз ҷониби мутахассисони Чин ва бо сармоягузории ин кишщвар бунёд мегардад ва ҳамчунин аз боғи фарҳангу истироҳати «Боғи Пойтахт», маҷмааҳои «Наврӯзгоҳ», «Кохи Наврӯз» ва КВД «Пойтахт-90» боздид намуданд.

Зимни вохӯрии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати ин шаҳри Чин масоили рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду саноат, маорифу тандурустӣ ва тиҷорату сохтмон баррасӣ шуданд.

Пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе дар бораи афзоиши сармоягузориҳои ширкатҳову тоҷирони шаҳри Урумчӣ ба иқтисоди пойтахти Тоҷикистон ва ҳамчунин таъсиси корхонаҳои муштаракро ҳайати Чин дастгирӣ намуд.

Ҳайати шаҳри Урумчии Чин ҳамчунин ба корхонаҳои «Тоҷиктекстил» ва «Кабел ТАЛКО» низ ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.