Пешниҳоди дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудани намояндагиҳои ниҳодҳои молии Қатар

Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов бо муовини мудири Раёсати рушди соҳибкории Созмони сармоягузории Қатар Муҳаммад ал-Муслим ва таҳлилгари молиявии Хазинаи рушди Қатар Султон Аҳмад ал-Усайрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва истифода аз имкониятҳои сармоягузории бонкӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов бо муовини мудири Раёсати рушди соҳибкории Созмони сармоягузории Қатар Муҳаммад ал-Муслим ва таҳлилгари молиявии Хазинаи рушди Қатар Султон Аҳмад ал-Усайрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва истифода аз имкониятҳои сармоягузории бонкӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ зимни баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ – гидроэнергетика, канданиҳои фоиданок , бахши молиявӣ ва саёҳат қайд гардид, ки барои ба таври мушаххас муайян ва ҳаллу фасл намудани лоиҳаҳои маблағгузорӣ бояд намояндагии ин ду ташкилоти бонуфузи Давлати Қатар дар Тоҷикистон кушода шавад.

Дар робита ба ин, Умед Латифов диққати меҳмононро ба пешниҳоди БМТ дар бораи таъсиси намояндагии Хазинаи сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон ҷалб намуда, таъкид дошт, ки аз ҷониби Қатар ташкил намудани Хазинаи сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ метавонад дар самти дастгирӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар бахши хусусӣ саҳми босазо гузорад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои самаровар ва ба таври васеъ истифода бурдани имкониятҳои сармоягузорӣ таҳия ва имзои Эъломияи ҳамкорӣ зарур аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.