То интиҳои ҳафта якчанд кӯчаҳои Хуҷанд пурра мумфарш мешаванд



То интиҳои ҳафта кӯчаҳои «Бӯстон», «Таги сада» ба номи Сайфи Қозиев ва Эшони Шайдои шаҳри Хуҷанд пурра мумфаршу аз таъмир бароварда мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, дар маросими оғози корҳои таъмиру мумфаршкунӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо сокинони маҳаллаи «Сари баландӣ», ки бештари кӯчаҳои номбурда дар маҳаллаи мазкуранд, суҳбат орост.

Гуфта мешавад, роҳсозони идораи «Суғдроҳ» ният доранд давоми ду рӯзи боқимондаи ҳафтаи равон беш аз ҳафт ҳазору чаҳорсад метри квадратӣ корҳои мумфаршкуниро хушсифат ба анҷом расонанд, ки масофаи умумии он 2,5 километрро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавад, ки танҳо давоми ҳафтаи равон дар маҳаллаи «Суғдиён» боз 1200 метри квадратӣ роҳи байни биноҳои истиқоматӣ пурра мумфарш гардида,   беш аз як километри роҳи  нақлиётгард ва пиёдагард, ки ба яке аз шоҳроҳҳои асосии Хуҷанд, хиёбони ба номи Р Ҳоҷиев мепайвандад, аз таъмири ҷорӣ бароварданд.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки то имрӯз тибқи нақшаи мақомоти шаҳрдории Хуҷанд беш аз 100 кӯчаи марказию дохили маҳаллаҳо таъмир гардида, ҳоло масофаи умумии роҳи таъмири ҷорӣ ва пуррагашта беш аз 80 километрро ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное