То интиҳои ҳафта якчанд кӯчаҳои Хуҷанд пурра мумфарш мешаванд

То интиҳои ҳафта кӯчаҳои «Бӯстон», «Таги сада» ба номи Сайфи Қозиев ва Эшони Шайдои шаҳри Хуҷанд пурра мумфаршу аз таъмир бароварда мешаванд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, дар маросими оғози корҳои таъмиру мумфаршкунӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо сокинони маҳаллаи «Сари баландӣ», ки бештари кӯчаҳои номбурда дар маҳаллаи мазкуранд, суҳбат […]

ASIA-Plus



То интиҳои ҳафта кӯчаҳои «Бӯстон», «Таги сада» ба номи Сайфи Қозиев ва Эшони Шайдои шаҳри Хуҷанд пурра мумфаршу аз таъмир бароварда мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, дар маросими оғози корҳои таъмиру мумфаршкунӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо сокинони маҳаллаи «Сари баландӣ», ки бештари кӯчаҳои номбурда дар маҳаллаи мазкуранд, суҳбат орост.

Гуфта мешавад, роҳсозони идораи «Суғдроҳ» ният доранд давоми ду рӯзи боқимондаи ҳафтаи равон беш аз ҳафт ҳазору чаҳорсад метри квадратӣ корҳои мумфаршкуниро хушсифат ба анҷом расонанд, ки масофаи умумии он 2,5 километрро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавад, ки танҳо давоми ҳафтаи равон дар маҳаллаи «Суғдиён» боз 1200 метри квадратӣ роҳи байни биноҳои истиқоматӣ пурра мумфарш гардида,   беш аз як километри роҳи  нақлиётгард ва пиёдагард, ки ба яке аз шоҳроҳҳои асосии Хуҷанд, хиёбони ба номи Р Ҳоҷиев мепайвандад, аз таъмири ҷорӣ бароварданд.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки то имрӯз тибқи нақшаи мақомоти шаҳрдории Хуҷанд беш аз 100 кӯчаи марказию дохили маҳаллаҳо таъмир гардида, ҳоло масофаи умумии роҳи таъмири ҷорӣ ва пуррагашта беш аз 80 километрро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.