Тоҷикистон раводиди электронӣ ҷорӣ карданист

Ояндаи наздик Тоҷикистон низоми қабули раводиди электронӣ барои шаҳрвандони 80 кишварро дорад, ки нисбати ин давлатҳо реҷаи ба таври содда додани раводидро муайян намудааст. Дар ин бора дар мусоҳиба ба АМИТ «Ховар» муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ изҳори назар кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ амалисозии […]

ASIA-Plus



Ояндаи наздик Тоҷикистон низоми қабули раводиди электронӣ барои шаҳрвандони 80 кишварро дорад, ки нисбати ин давлатҳо реҷаи ба таври содда додани раводидро муайян намудааст. Дар ин бора

дар мусоҳиба ба АМИТ «Ховар»

муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ амалисозии якчанд лоиҳаҳо оид ба электронӣ кардани хизматгузориҳои давлатӣ, таҳкими амнияти миллӣ дар бахши назорати сарҳадҳоро дар нақша дорад.

О.Раҳмон таъкид месозад, ки амалӣ намудани лоиҳаҳои муваффақ оид ба ҷорӣ намудани “раводиди электронӣ” ва шабакаи иттилоотии электронии раводиди Тоҷикистон бе ташкили инфрасохтори дахлдор дар низоми сарҳадии кишвар ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, на танҳо тамоми сафоратҳо ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа бо вазорат, балки тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон бо якдигар пайваст шуда, ба низоми ягонаи идоракунӣ табдил хоҳанд ёфт.

«Илова бар ин, тамоми сафоратҳо ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа бо барномаи махсуси идоракунии таҳияи раводид ва тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи махсуси идоракунии вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони он таъмин мегарданд, – иброз доштааст ӯ. – Боиси қайд аст, ки ниҳодҳои зикршуда инчунин бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла: сканерҳои изи ангушт, таҷҳизот барои хониши шиносномаҳои биометрӣ,  таҷҳизоти аксбардорӣ, сканерҳои нусхабардорӣ ва ғ. муҷаҳҳаз карда мешаванд. Дар ниҳоят, Вазорат дорои низоми ягонаи идоракунии раводид ва сарҳадбонони кишвар бошанд, дорои низоми ягонаи идоракунии сарҳадӣ мегарданд».

Ӯ зикр кардааст, ки раводиди электронӣ як намуди раводидест, ки тариқи электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода шуда, барои судури раводиди электронӣ барнома ва сомонаи махсус ташкил карда мешавад.

Муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин таъкид намудааст, ки ҳоло танҳо чанд кишвар, аз ҷумла: Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Баҳрайн ва ғайра низоми «раводиди электронӣ» доранд ва дар ояндаи наздик Тоҷикистон низ ба сафи онҳо шомил хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, сатҳи хизматрасонии Шабакаи иттилоотии электронии Тоҷикистон ба  низоми додани раводиди Шенгенӣ баробар мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо як ширкати фаронсавӣ, ки миёни 8 ширкати ватаниву хориҷӣ дар озмуни байнулмилалӣ оид ба роҳандозии ин низом ғолиб дониста шуд, барои  татбиқ намудани нақшаҳои зикршуда дар давоми нимсолаи аввали соли 2016 кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.