ИМА Тоҷикистонро ба таъмини ҳуқуқҳои динии шаҳрвандон даъват кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки ҳадду ҳудуд миёни мубориза алайҳи терроризм ва риояи ҳуқуқи инсонро нигоҳ дошта, ба ин васила аз ҷумла ҳуқуқҳои динии шаҳрвандонро таъмин кунад. Аз рӯи натоиҷи гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ рӯзи сешанбе ба журналистон изҳор намуд, ки […]

ASIA-Plus



Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки ҳадду ҳудуд миёни мубориза алайҳи терроризм ва риояи ҳуқуқи инсонро нигоҳ дошта, ба ин васила аз ҷумла ҳуқуқҳои динии шаҳрвандонро таъмин кунад.

Аз рӯи натоиҷи гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ рӯзи сешанбе ба журналистон изҳор намуд, ки дар гуфутушунид як қатор масъалаҳо, аз ҷумла мубоиза бо терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шудаанд. Керрӣ қайд кард, ки дар вохӯрӣ ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ҳадду ҳудуд миёни мубориза алайҳи терроризм ва риояи ҳуқуқи инсонро нигоҳ дошта, ба ин васила аз ҷумла ҳуқуқҳои динии шаҳрвандонро таъмин кунад.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ба мушкилоти марбут ба иқтисоди Тоҷикистон, қабл аз ҳама мушкилоти рушди иқтисод дар Русия таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Керрӣ таъкид дошт, ки дар мулоқот ҳамчунин мушкилоти марбут ба бахши энергетикаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла баҳсҳо бо Ӯзбекистон оид ба сохтмони иншооти бузурги электроэенергетикӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Ӯ зикр кард, ки вариантҳои гуногуни таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ баррасӣ шудаанд. Котиби давлатии ИМА ҳамчунин гуфт, муддати 5 сол дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳае ба нақша гирифта шудааст, ки ба Тоҷикисон натанҳо ба таъмини аҳолии худ бо нерӯи барқ, балки ба содироти он ба Афғонистон низ имкон фароҳам меоварад.

Ғайр аз ин, идома дод Керрӣ, зимни гуфтушунид вазъ дар Афғонистони ҳамсоя низ баррасӣ шудааст. Ӯ итминон дод, ки ИМА ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон идома медиҳад. Котиби давлатӣ таъкид дошт, ки бори дигар ба сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи нияти раҳбарияти ИМА оид ба боқӣ гузоштани қисмате аз нерӯҳои низомии худ дар Афғонистон маълумот додааст.

Керрӣ илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ӯро даъват намудааст, ки дар фурсати барояш қулай бо сафари бештар тӯлонӣ аз Тоҷикистон боздид намояд ва ӯ ин даъватро бо қаноатмандӣ пазируфтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.